Гар амирӣ ҳам бимирӣ... Лаҳзаи дамгирӣ дар дарси риёзӣ, синфи 5. Шеъри Хоҷаи Ансорӣ. Литсейи # 2
Описание
Хусраво, ногоҳ хазоне даррасад гулзорро,
Ҳамчунин донам набинӣ равнақи бозорро.
Гар ҳамедонӣ чӣ гуфтам, ҷаҳд кун, дар илм куш,
Кинаро аз дил бадар кун, бас кун ин озорро.
Дасти зулм аз остини зулм бар мардум макаш!
Оҳи мазлумон саҳаргоҳ бияфканад кӯҳсорро.
Буд Нушервони Одил кофиру оташпараст,
Лек ӯ иқрор карда эзиди ҷабборро.
Номи ӯ одил барояд в-они ту золим ба Ҳашр,
Мӯмино, баргӯ, ки бар худ чун кашӣ ин орро.
Эй ки ту мағрури бахту давлати фархундаӣ,
Хонаи соҳибсарире мафраши огандаӣ.
Ё ки Хуршеди ба сурат, ё ки Ҷамшедӣ ба ҳусн,
Ё ки Зуҳра чеҳра дорӣ, ё чу маҳ тобандаӣ.
Гарчи Шаддодӣ, валекин нестӣ эмин зи марг.
Хеҷ кас гуфтааст ба ту: “То абад пояндаӣ?”,
Гар амирӣ ҳам бимирӣ, пири Ансорӣ бидон!
Хоҷагӣ аз ту назебад, cap бинеҳ чун бандаӣ!
Рекомендуемые видео



















